Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» Таъзия

Таъзия

05 август 2021, Четверг
472
0
Таъзия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз даргузашти нобаҳангоми ҳамватанамон, узви фаъоли Шӯрои ҷамъятии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, соҳибкори саховатпеша Шарипов Зикрулло, сахт андӯҳгин буда, ба наздикони марҳум ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор мекунад.
Бо таъкид ба накӯномии Зикрулло Шарипов, қобили тазаккур аст, ки ӯ дар ҳама лаҳзаҳои мушкил, махсусан замони маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи Covid-19, ҳамеша дар кӯмаки дигар ҳамватанон буд ва маҳз бо чунин хислатҳои инсондӯстӣ, миёни ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Федератсияи Россия маъруф ва соҳибэҳтиром буд.
Марҳум бо ҳисси меҳанпарастӣ, дарк намудани қарзи шаҳрвандӣ ва амалҳои саховатпешагӣ дар корҳои ободию созандагии Тоҷикистон низ, саҳми босазо дошт.
Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои шодравон макони ҷаннат ва ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳем.

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ