Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастурамали Намояндагӣ

Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастурамали Намояндагӣ

23 апрель 2014, Среда
2 133
0
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар дар аксар манотиқи ФР низ ҳамватанони мо тариқи моҳвора ва интернет тамошо карданд. Тоҷикистониёне, ки имрӯз берун аз ватан, ба хусус дар минтақаҳои гуногуни ФР кору фаъолият мекунанд, аз дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоиву фарҳангии кишвар тавассути ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии марказӣ, Шабакаи якум, ТВС, ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва радиоҳои Тоҷикистон имкон доранд, маълумот пайдо намоянд. Тамошои мустақими паёми навбатии Сардори давлат ба парламенти кишвар бо мусоидати Намояндагии вазорати меҳнат , муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъятии тоҷикистониёни муқими Россия ташкил карда шуд.
Дар шаҳри Краснодар барои тамошои дастаҷамонаи Паёми Сардори давлат ҳамватанони мо – намояндагони касбу кори гуногун дар бинои ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари Краснодар «Содействие» омаданд. Баъдаз тамошои паём дар сӯҳбат бо мо раиси ҷамъият Нағзибек Нағзибеков изҳор дошт, ки паёми Сардори давлатро ба сифати дастурамал барои фаъолияти минбаъдаи ҷамъияти тоҷикони Краснодар истиқбол менамояд. Ба андешаи Нағзибек Нағзибеков Сардори давлат дар паёми хеш, натанҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии давлатро барои солҳои оянда муайян сохт, балки аз дастоварду комёбиҳо ва бархе аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа низ сухан намуд, ки таҳкими дастовардҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонии ватандӯсту поквиҷдон мебошад. Мо низ дар ин ҷода бобати боз ҳам тақвият бахшидани ин дастовардҳо ва аз ҳама муҳим таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ваҳдату ягонагии мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз тамоми кӯшишу заҳмати худро равона хоҳем сохт, -гуфт Нағзибек Нағзибеков.
Тоҷикони минтақаи Сибир низ паёми Сардори давлатро дастаҷамона тамошо карданд. Бо ташуббуси ҷамъияти минтақавии тоҷикистониёни вилояти Новосибирск -«Дӯстӣ» бо роҳбарии Сияршо Абдуҷабборов ва соҳибкорони тоҷик Асомуддин Шоев ва Раҳимҷон Бобоҷонов дар шаҳри Новосибирск дар ду мавзеи будубоши оммавии ҳамватанони мо- дар марказҳои бонуфузи савдои шаҳр ташкил карда шуд.
Мастибегим Ашурбекова раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикистониён - «Дидор» иттилоъ дод, ки Паёми Президенти мамлакат дар минтақаи Урали ФР низ аз ҷониби ҳамватанони мо бо таваҷҷӯҳи хоса истиқбол шуд. Тамошои оммавии суханронии Сардори давлат, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро дар бар мегирифт дар бинои ҷамъити «Дидор» баргузор шуд. Ба гуфти Мастибегим Ашурбекова барои тамошои паём фаъолони созмон, соҳибкорон, донишҷӯён ва тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург ҷамъ омада буданд. Тамошои дастаҷамонаи паёми Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Иваново, Самара, Сочи, Ҳавзаҳои Шарқи дур ва Приволжие низ сурат гирифт.
Кормандони Намояндагӣ паёми Сардори давлатро дар бинои Сафорати ҶТ дар ФР бо иштироки дигар намояндагиҳои расмии кишвар тамошо карданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ