Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» Баррасии масъалаҳои муҳоҷират дар Вазорати корҳои дохилии Россия

Баррасии масъалаҳои муҳоҷират дар Вазорати корҳои дохилии Россия

20 июнь 2019, Четверг
838
0
Баррасии масъалаҳои муҳоҷират дар Вазорати корҳои дохилии Россия18 июни соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ масоили татбиқи қарордодҳое, ки ҷонибҳо дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар моҳи апрели соли 2019 ба даст оварданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда шуд. Дар ин робита, И.Сатторов таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатро ба мушкилоте, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ мешаванд, нигаронида, зарурати таҳкими ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро махсусан қайд кард.

Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои кушодани иҷозати вуруд ба гуруҳи муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Русия табодули назар сурат гирифт.

В.Казакова иброз намуд, ки солҳои охир ба қонунгузории Россия дар соҳаи муҳоҷират тағйироти назаррас ворид шуда, ҷиҳати такмили санадҳои меёрии ҳуқуқӣ идома меёбад.

Дар охири суҳбат аз ҳамкориҳои самаранок миёни мақомоти дахлдори ду давлат бо қаноатмандӣ зикр гардид.

манбаъ Хадамоти матбуоти ВКХ ҶТ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ