Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» Ҷавонони тоҷик муқобили терроризму экстремизм

Ҷавонони тоҷик муқобили терроризму экстремизм

11 ноябрь 2019, Понедельник
776
0
Ҷавонони тоҷик муқобили терроризму экстремизм08.11.2019 дар Хонаи миллатҳои Москва бо ташаббуси Анҷумани донишҷӯёни Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати ҶТ дар ФР мизи мудаввар дар мавзӯъи “Ҷавонон муқобили терроризму экстремизм” баргузор гардид. Дар кори он олимон, мутахассисон, пажӯишгарон, намояндагони масъули мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқи ФР ва ҷавонони фаъоли тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии ФР таҳсил менамоянд, ширкат доштанд. Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба сабабҳо ва омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки терроризму экстремизм дин миллат ва мазҳаб надорад, аммо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои байналмиллалие ҳастанд, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз номи дину мазҳаб амалҳои террористиро ба анҷом мерасонанд.
Ба масъалаи пайдоиш ва зуҳури фундаментализми мазҳабӣ коршинос ва арбоби ҷамъиятӣ Ҳокимшо Муҳаббатов зикр дошт, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ақидаҳои Исломиро истифода мебурд. Баъд аз кӯшиши нокоми ғасби мусаллаҳонаи ҳукумат дар соли 2015 дар Тоҷикистон ба сифати созмони террористӣ мамнӯъ гардид. Айни ҳол дар Аврупо бо назардошти талаботҳои ҷомеаи аврупоӣ худро ҳаракати демократӣ вонамуд ва муаррифӣ менамояд.






Ҷавонони тоҷик муқобили терроризму экстремизм Иштирокдорони чорабинӣ, аз ҷумла зикр намуданд, ки террористон интернетро васеъ истифода мебаранд то, ки ба тафаккури ҷавонон таъсир расонда, онҳоро раҳгум созанд. Ҳуҷуми террористон, ки 6 ноябр дар Тоҷикистон содир шуд, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад, таъкид намуданд ишдорокдорини мизи мудаввар. Дар ниҳояти чорабинӣ баёнияи муштарак қабул гардид, ки дар он иштирокдорон амалҳое террористиро маҳкум намуда, мубориза ба муқобили терроризму экстримизм амали дастаҷамъонаи давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ арзёбӣ карданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ