Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

12 ноябрь 2020, Четверг
1 552
0
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов
Ҳамватанони гиромӣ, мо тасмим гирифтем, ки дар сомонаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР (tajmigration.ru) гўшаи алоҳидае таъсис диҳем, дар саҳифаҳои он бо тадриҷ аз ҳаммеҳанони худ, ки бо талошу заҳматҳо хеш дар хориҷӣ кишвар, натанҳо соҳибу обрўву мартаба гардиданд, балки дар миёни халқияту миллатҳои гуногун обрўву нуфузи миллати тоҷикро боло бардоштаанд.
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Орзуҳо инсониятро аз домони модар то авҷи зуҳал мебарад. Шояд нафаре набошад, ки дар қалби беғаши кўдакии худ ниҳону ошкоро аз фатҳи асрори замину осмон шўълае напарварад. Аммо бо гузашти солҳо бархе аз пайи амалӣ сохтани орзуҳояш мешавад, барои нафаре ин танҳо ҳамчун ситораи дастнорас, афсонаи аз даврони бачагӣ боқӣ мемонад. Шахсе, ки мо дар ин саҳифа мехоҳем дар борааш сухан кунем, аз зумраи он нафаронест, ки аз пайи амалӣ сохтани орзуҳои хеш кўшишу талошҳои зиёде анҷом дод ва пайроҳае ба қуллаҳои муроди худ сохт.
Хайрулло Маҳмудов олими шинохта, ходими калони илмии Лонишкадаи физикию техникии ба номи А.Ф.Иоффеи шаҳри Санкт- Петербург аз зумраи он нафаронест, ки сўйи орзуҳо хеш пайроҳа сохт.
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Маҳмудов Хайрулло Файзуллоевич, соли 1968 дар шаҳри Хуҷанди бостонии вилояти Суғди ҶТ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро бо нишонаи сурх ба итмом мерасонад. Баъди адои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши шуравӣ таҳсилро дар зинаи аспирантураи Донишкадаи физикию техникии ба номи А.Ф.Иоффеи шањри Санкт-Петербург идома медињад.
Баъди хатми бомуваффақияти аспирантура дар соли 1997 олими љавонро устодони муассисаи илмї барои фаъолияти илмї ба донишкада даъват менамоянд. Хайрулло даъватро пазируфта дар зинаҳои гуногун фаъолият мекунад. Ҳоло ба ҳайси ходими калони ин донишкада ва ҳамчун дотсенти кафедра кори худро идома дода истодааст.
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Соҳиби 3 фарзанд мебошад, ду духтар ва як писар. Духтари калониаш хатмкардаи Донишгоҳи тиббии ба номи И.П.Павлов буда, новобаста аз чавон буданаш ҳоло мудири яке аз поликлиникаҳои шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Духтари дуюмаш низ табиб аст. Донишгоҳии тиббии ба номи И.И.Мечников хатм намуда, ба ҳайси духтури бемориҳои дил адои вазифа мекунад. Писари Маҳмудов Х.Ф. Дар курси дуюми Донишгоҳи ҳарбӣ-тиббии Санкт Петербург таҳсили илм дорад. Ҳамсараш ба тарбияи насли наврас машғул буда, дар муассисаи томактабӣ кор мекунад.
Маҳмудов Х.Ф. муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ дар соҳаи физика ва математика мебошад. Ҳамеша бо ёди Ватан-Тоҷикистон аст. Мегўяд, ки сарфи назар аз дурӣ, ҳамеша бо ёди Тоҷикистон, обу ҳавои дилнишин ва мардуми меҳмоннавозаш ҳаст.
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Соли 2019 Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон дар Санкт-Петербург бо ҳамвтанони бурунмарзӣ мулоқот анҷом доданд.
“Хушбахтона,- мегуяд бо табассум Хайрулло Маҳмудов, -дар ин вохўрӣ ба ман муяссар шуд, ки бо Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сўхбат намоям. Ман ба Пешвои миллат барои хизматҳои шоёнашон баҳри таъмини сулҳу осоиш, рушду инкишофи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва албатта вохурӣ карданашон бо ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори минатдорӣ намудам. Зеро ман аз он дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба даст омадаанд, огоҳ ҳастам ва ифтихор дорам”.
Имрўз дар Донишкадаи физикию техникии Санкт-Петербург садҳо толибилмон-намояндагони халқияту миллатҳои гуногун Хайрулло Маҳмудовро устоди худ медонанд ва ба сифати олими тоҷик иззату эҳтиром мекунанд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониаст.
Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

Пайроҳаи маърифати Хайрулло Маҳмудов

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ