Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ифтитоҳи маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рязан

Ифтитоҳи маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рязан

13 май 2021, Четверг
603
0
13 майи соли 2021 дар шаҳри Рязани Федератсияи Россия маросими ифтитоҳи бинои Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон “Сомониён” баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳ намояндагони Вазорати корҳои қаламравӣ ва сиёсати иттилоотии вилояти Рязан, маъмурияти шаҳри Рязан, инчунин раисони ташкилотҳои миллии минтақавӣ, намояндагони диаспораи тоҷикон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ Шеров Теша фаъоли мадании тоҷикони бурунмарзӣ дар шаҳри Рязан, мудири шӯъбаи кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои миллии Вазорати корҳои қаламравӣ ва сиёсати иттилоотӣ Сурков Владимир Васильевич, роҳбари шӯъбаи робита бо ҷомеаи маъмурияти шаҳри Рязан Сарычев Валерий Васильевич, узви Палатаи ҷамъиятии вилояти Рязань Гараев Самир Нариманович ва раиси ТҶ Ассотсиатсияи афғонҳо "Бохтар" Нақибулла Насимӣ суханронӣ намуда, ифтитоҳи марказро барои муаррифӣ, ташаккули маданият, фарҳанги миллати тоҷик дар ин минтақаи Федератсияи Россия ва густариши ҳамкориҳои муштараки байни миллатҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.
Пас аз маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур меҳмонон аз шароити фароҳамовардашуда, намоиши осори таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, ки ба намоиш гузошта шуда буд, аз наздик шинос гардиданд.[

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ