Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти судманд дар шаҳри Владимир баргузор гардид

Мулоқоти судманд дар шаҳри Владимир баргузор гардид

25 май 2021, Вторник
719
0
Мулоқоти судманд дар шаҳри Владимир баргузор гардидМулоқоти судманд дар шаҳри Владимир баргузор гардид
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Владимири Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд.
Зимни баргузории мулоқот вобаста ба масъалаи расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қоидаҳои давлати иқомат ва саривақт иҷрои уҳдадориҳо дар маҳали зист ва риояи қоидаҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвариқабулкунандаи қувваи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар доираи мулоқоти мазкур барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, муаррифии фарҳангу таърихи волои миллати тоҷик ва баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷкинони муқимӣ ва аъзои оилаҳои онҳо маслиҳатҳо ва машваратҳои муфид дода шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми наздикон ва дигар муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар минтақа фаъолият менамоянд вобаста бо фурсати муносиби қонунигардонӣ ҷалб намуда, то мӯҳлати муқарраршудаи Фармони Президенти Федератсияи Россия то 15 июни соли ҷорӣ, ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии худро қонунӣ гардонанд.
Зимни баргузории мулоқот аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кормандони намояндагӣ саволҳои пешниҳод карда шуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки қабл аз вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо директори Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Владимир ҷиҳати мусоидат дар расмикунонии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Дар доираи мулоқоти мазкур масъулини Намояндагӣ бо шароитҳои қабули шаҳрвандон ҷиҳати қонунигардонӣ аз наздик шинос гардиданд. Дар Маркази мазкур бастаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон аз ҷумла корти муҳоҷиратӣ бо тамдиди мӯҳлат, қайди муҳоҷиратӣ омода гардида, баъдан муҳоҷирон аз муоинаи тиббӣ гузашта, суғуртаи тиббӣ таҳия карда, пас аз гирифтани сертификати донистани забони русӣ, тамоми бастаи ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаи кор бо муҳоҷиратии шаҳри Владимир, барои ба расмият даровардани патент ирсол карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки мулоқоту вохӯриҳои масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия доир мегарданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ