Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар шаҳри Челябинск бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид

Дар шаҳри Челябинск бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид

11 июнь 2021, Пятница
453
0
Дар шаҳри Челябинск бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид Дар шаҳри Челябински минтақаи Урали Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Саидзода Зафар Шералӣ ва масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал бо роҳбарону фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёну муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сурат баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қоидаҳои буду бош дар давлати иқомат, баргузории чорабиниҳои гуногун дар миёни тоҷикони муқимӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Нахуст, масъулин иштирокчиёни вохурӣ - муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, тоҷикони муқимӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки дар хориҷи кишвар ҳар шаҳрванд масъулияти бузурги муарриффи миллиро дорад, пас моро зарур аст, ки бо нишондиҳандаҳои хуби корӣ, одобу рафтори намунавӣ ва ахлоқи баланду ташабускориву созандагӣ миллати тоҷик ва арзишҳои милливу давлатиамонро муаррифӣ намоем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳои гуногун оид ба фаъолияти расмӣ, расмикунонӣ дар давлати иқомат, таҳсил ва буду боши мувақатии донишҷӯён, баргузории чорабиниҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо дода шуд, ки масъулини Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба онҳо посух гардониданд.
Дар охир, аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳои минтақа даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар коргоҳҳо ва иншоту сохтмонҳо мусоидат намоянд.


В Челябинске прошла встреча с трудовыми мигрантами

Генеральный консул Республики Таджикистан в г. Екатеринбург Российской Федерации Саидзода Зафар Шерали совместно сотрудниками Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в г.Челябинск Уральского федерального округа состоялась встреча с руковадителями общественных организации, студентами и таджикскими трудовыми мигрантами.
В ходе встречи с гражданами Республики Таджикистан обсуждались такие вопросы как постановка на учёт (регистрация) трудовых мигрантов, соблюдения правил пребывания, проведения различных мероприятий среди соотечественников, предотвращения негативных социальных факторов и другие важные вопросы.
Вначале официальные лица поздравили участников встречи - трудовых мигрантов, студентов высших учебных заведений, проживающих в Российской Федерации с Днем народного единства и 30-летием государственной независимости Республики Таджикистан, отметив, что каждый гражданин за рубежом несет большую ответственность, поэтому мы должны представлять таджикский народ, за пределами нашей Родины все её национальные и государственные ценности с лучшей стороны, образцовым поведением, высокой моралью, инициативой и творчеством.
В ходе встречи участники заседания задавали различные вопросы должностным лицам Консульства Республики Таджикистан в Российской Федерации и Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения в Российской Федерации касательно официальной деятельности ведомств, временной постановки на учёт в стране пребывания, учебы, временном пребывании студентов и проведении общенациональных мероприятий.
В конце встречи руковадителей таджикских общественных организации и диаспор региона попросили посодействовать в проведении разъяснительных мероприятий среди трудовых мигрантов на всевозможных площадках касательно легального пребывания на территорию Российской Федерации и оформления всех необходимых документов.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ