Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

24 январь 2014, Пятница
1 933
0
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ
22 январ бо мусоидати Намояндагӣ қисме аз маоши таъхирафтодаи гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор рубли русӣ пардохт карда шуд. Зимни баррасии аризаи гурӯҳи муҳоҷирони мењнатї кормандони Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати сохтмонии ҶММ «Балтстрой-Ресурс», ки бештар аз 20 шаҳрванди тоҷикистонро ба корҳои сохтмонӣ ҷалб карда буд, вохӯрӣ анҷом доданд.
Ҳангоми сӯҳбат бо кормандони Намояндагӣ директори корхона Петр Глушаков тасдиқ намуд, ки воқеан корхонаи онҳо аз бригадаи сохтмончиёни тоҷик аз ҳисоби маош 1 миллиону 100 ҳазор рубл қарздораст. Қарздорӣ ба қавли корфармо бино бар сабаби мушкилоти молиявии корхона ба амал омадаст. Дар натиҷаи сӯҳбат худи ҳамон рӯз корфармо 250 ҳазор рубл пардохт намуд ва ваъда дод, ки то охири моҳ маблағи боқимондаро низ ба пуррагӣ пардохт менамояд. Ҳамзамон кормандони Намояндагї бо гурўњи 20 нафараи муҳоҷирон сўњбат гузарониданд. Зимни сўњбат ба муњољирон доир ба ќонунгузории Федератсияи Россия оид ба будубош, фаъолияти мењнатї маълумоти муфассал дода шуд.
Котиби матбуоти Намояндагӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ