Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Наҷот: Ягона роҳи ғалаба – эмгузаронӣ

Наҷот: Ягона роҳи ғалаба – эмгузаронӣ

15 июль 2021, Четверг
371
0
Наҷот: Ягона роҳи ғалаба – эмгузаронӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоҷикони муқими Федератсияи Россия мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нуқтаҳои эмгузаронӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
Дар шаҳри Москва эмгузаронӣ барои хориҷиён дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово”, маркази тиҷоратии “Содовод”, варзишгоҳи “Лужникӣ” ва 25 дармонгоҳ (шуъбаҳои пулакӣ) пешбинӣ гардидааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақим ва ё ғайримустақим барои эмгузаронӣ муроҷиат намоянд.
Эмгузаронӣ дар шаҳри Москва барои шаҳрвандони хориҷӣ бо вояи яктаркибаи “Спутник - лайт”-и роҳандозӣ карда шуда, арзиши вояи воксина 1300 рубл муодил ба 195 сомонӣ мебошад.
Шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи иқомат (ВНЖ) доранд барои онҳо эмгузаронӣ ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.


Единственный путь к победе - вакцинация.

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции доводит до сведения трудовых мигрантов - граждан Республики Таджикистан, таджиков, проживающих в Российской Федерации, в целях профилактики и борьбы с коронавирусом действуют на международном уровне. .
В Москве вакцинация иностранцев запланирована в Многопрофильном миграционном центре имени Сахарова, ТЦ «Содовод», стадионе «Лужники» и 25 поликлиниках (в платном отделении), куда трудовые мигранты могут обращаться прямо или косвенно.
Вакцинация иностранцев в Москве проводится разовой дозой препарата «Спутник-лайт», стоимость одной дозы вакцины составляет 1300 рублей, что эквивалентно 195 сомони.
Вакцинация предоставляется бесплатно трудящимся-мигрантам, имеющим вид на жительство или двойное гражданство.


ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ