Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия то 30 сентябр идома меёбад

Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия то 30 сентябр идома меёбад

27 июль 2021, Вторник
736
0
Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия то 30 сентябр идома меёбад
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият ва мувақатан зиндагӣ доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) мулҳлати буду бош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шуд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, ки барои расмикунонӣ дар Федератсияи Россия дар муҳалти муқараргардида худро дар мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия расман ба қайд гирифта, ба фаъолияти расмӣ пардозанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ