Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баррасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021

Баррасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021

03 август 2021, Вторник
451
0
Баррасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли 2021

Ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар нимсолаи аввали соли 2021 беш аз 7827 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ, донишҷӯён ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд.
Ба муроҷиаткунандагон дар ин давра аз ҷониби масъулини Намояндагӣ машваратҳои ҳуқуқӣ, ёрии ҳуқуқӣ, баргардонидани музди маоши муҳоҷирони меҳнатӣ, баррасии парвандаҳои судӣ, интиқоли ҷасадҳо, пайдо намудани гумшудаҳо, расонидани кӯмакҳои моливу пулӣ, баррасии муноқишаҳои оилавӣ ва дигар кӯмакҳои зарурӣ расонида шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои тарғиботӣ - ташфиқотӣ бо мақсади риояи қоидаҳои будубош дар давлати иқомат пурзӯр карда шуда, дар Федератсияи Россия бо доираи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқимӣ 164 мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудааст.
Мулоқоту вохӯриҳо дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия роҳандозӣ гардида, дар он бештари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар инфрасохтори гуногуни давлати иқомат кору фаъолият менамоянд иштирок намудаанд.
Зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ маълум гардид, ки мушкилоти онҳо дар ин давра бештар дар самти расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ, расмикунонии будубош дар давлати иқомат, баргардонидани музди меҳнат аз корфармоён, тартиби дастрас намудани шаҳодатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани онҳо ба шумор меравад.
Дар ин замина, масъулини Намояндагӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар Федератсияи Россия иброз доштанд, ки барои бартараф кардани мушкилоти онҳо шахсони масъули Намояндагӣ дар минтақаҳои Санкт – Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Уфа, Астрахан ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират воқеъ дар шаҳри Москва фаъолият доранд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолати пайдо гардидани мушкилоти худ метавонанд муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ