Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вокуниш: Барои мушкилот ба мақомот муроҷиат намоед

Вокуниш: Барои мушкилот ба мақомот муроҷиат намоед

03 август 2021, Вторник
397
0
Вокуниш: Барои мушкилот ба мақомот муроҷиат намоед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои блогерон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорон ва хабарнигороне, ки вобаста ба маводҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди пайдо намудани хешу ақрабои Нураллиев Далерҷон Шамсудинович нашр намудаанд чунин итилоъ медиҳад:
Намояндагӣ дар ҳамкории пайваста бо Хадамоти консулии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз рӯзи аввал ҳолати мазкурро мавриди пайгирӣ қарор дода, маълум менамояд, ки муҳоҷири меҳнатӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Далерҷон Шамсиддинович соли таваллудаш 30 майи 1988 чанд муддате дар беморхонаи сироятии № 2 ноҳияи Соколинаяи гораи шаҳри Москва бистарӣ гардида буд. Азбаски шаҳрванди мазкур дар беморхона бе ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсият бистарӣ гардида буд, дар ҳолати фавт марҳумро ба ҷасадхонаи Бюрои ташхиси тиббии судии ноҳияи Контимервский воқеъ дар кӯчаи Тарний проезд, хонаи 3 интиқол дода мешавад.
Намояндагӣ ва Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муайян намуданд, ки Нураллиев Далерҷон Шамсудинович соли таваллудаш 30 майи соли 1988, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 23, кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, дар Федератсияи Россия дорои шаҳодатномаи зист (вид на жительство) мебошад.
Пайвандону наздикони марҳум аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ муайян карда шуда, ҳуҷҷатҳои интиқоли ҷасад аз ҷониби Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти консулии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҳия гардида, шаби 4 ба 5 августи соли ҷорӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ, блогерону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар мавриди мушкилоти муҳоҷирон ва ҳолатҳои нохуши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба мақомотҳои марбутаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хадамоти консулгарии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар шаҳри Москва, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт – Петербург, Екатеренбург, Новосибирск, Уфа ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ