Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » 3 миллион рубли муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд

3 миллион рубли муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд

09 август 2021, Понедельник
632
0
3 миллион рубли муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки санаи 28 июли соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.М.А. сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон барои пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфамо дар Федератсияи Россия ариза пешниҳод намуд.
Тибқи иттилои муҳоҷири меҳнатӣ Э.М.А. мо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ (дар ҳайати 24 нафар) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият кардаем, ки аз ҷониби корфамо маблағи музди меҳнати мо, ки 6200230 рубли русӣ муодил ба 930048 сомониро ташкил медиҳад, пардохт карда нашудааст.
Маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонӣ бе қарордоди меҳнатӣ фаъолият намуда, музди меҳнатӣ муҳоҷирон аз рӯи ба анҷом расонидани кор дар иншоот ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, вобаста ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда, тавсия дода шуд, ки минбаъд зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд.
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо роҳи гуфтушунид ва суҳбату гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо корфармо ва муҳоҷирони меҳнатӣ тавонист санаи 6 августи соли 2021 зиёда аз 1 миллион рубли русии муҳоҷирони меҳнатиро пардохт намуд.
Инчунин, санаи 9 августи соли 2021 бо мусоидати Намояндагӣ аз ҷониби корфармо зиёда аз 2 миллион рубли русии дигар ба муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт карда шудааст.
Вобаст ба пардохти маблағи боқимондаи муҳоҷирони меҳнатӣ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо корфармо суҳбат намуда, итминон ҳосил гардид, ки то охири ҳафтаи оянд маблағи боқимондаи муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, вобаста ба аризаи воридгардида дар муддати кутоҳ 450000 сомонии маблағи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо баргардонида шуда, маблағи боқимонда, ки 480048 сомониро ташкил медиҳад, дар муддати кутоҳтарин тибқи иттилои корфамо пардохт карда мешавад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ