Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баррасии ваъзи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тотористон

Баррасии ваъзи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тотористон

03 сентябрь 2021, Пятница
575
0
Баррасии ваъзи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тотористон

Нимаи дуюми имрӯз Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ҳамроҳ бо масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тотористон Амонов Рустам Ринатович мулоқот намуданд.

Нахуст, зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия, муҳтарам Владимир Путин Владимирович фароҳам омадааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, махсусан ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, расмикунонии будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тартиби барасмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ, интиқолаи қувваи корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардид.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ