Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти судманд ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти судманд ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ

04 сентябрь 2021, Суббота
473
0
Мулоқоти судманд ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ
Дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ҳамроҳ бо корманди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он соҳибкорони муваффақи тоҷик, донишҷӯён, тоҷикони муқимӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд иштирок намуданд.
Нахуст, дар оғози мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ҷамъомадагонро ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҳазор соли бедавлатиҳо бо талошу заҳматҳои хастанопазири халқи шарифи тоҷик ба даст омада, дар роҳи густариши рукнҳои давлатдории миллӣ, ваҳдату якдилӣ ва оромиву осудагии халқи шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста доранд.
Таъкид гардид, ки дар доираи муносибатҳои неки байнидавлатӣ ва шарикии стратегӣ, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи роҳбарони ду давлати дӯсту бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Владимирович фароҳам омадааст, имрӯзҳо ҳазорон нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолияти меҳнативу илмӣ - эҷодӣ, таҳсил, ва мувақатан зиндагӣ доранд. Ин раванд ташаккули муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар сатҳу сифати нав тақвият мебахшад.
Дар доираи мулоқоти мазкур масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, муноқишаҳои ҷудогона, гирифтор нашудан ба дому фиреби гурӯҳҳои тундагоиву экстремистӣ, расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳоқима қарор дода шуд.
Дар охир вобаста ба мушкилот иштирокдорон суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ