Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

10 сентябрь 2021, Пятница
475
0
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамомим тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Терроризм-содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ифратгароӣ-дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад.

Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар охири қарни XIX ва XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан, амалиёти террористӣ, ки 11 - сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23 - 26 октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористдаҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расиданд.

Абдулло Хоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи н.Синои ш. Душанбе

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ