Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар шаҳри Астрахан

Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар шаҳри Астрахан

11 сентябрь 2021, Суббота
427
0
Баррасии масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар шаҳри Астрахан

Имрӯз корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо сардори Шуъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Шуъбаи полиси ноҳияи Советскии шаҳри Астрахан майёри милитсия Шелепов Дмитрий Николаевич мулоқот намуд.
Нахуст, зимни мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои муштарак ва самарабахши мақомотҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти кор бо муҳоҷиратӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии зисти муваққатии муҳоҷиратӣ, қонунигардонии шаҳрвандон, тартиби дарёфти машваратҳои ҳуқуқӣ, анҷом додани фаъолияти расмӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила изҳори омодагӣ намуда, барои мусоидат ба ҳали масъалаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ