Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » 50 нафар роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ба Душанбе сафар намуданд

50 нафар роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ба Душанбе сафар намуданд

11 сентябрь 2021, Суббота
102
0
50 нафар роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ба Душанбе сафар намуданд

Дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумщурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадрдонӣ аз талошу заҳматҳо ва ташаббусу ибтикороти роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони муваффақи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии малакат ва муаррифи фарҳанг, таърих, осори маданиву фарҳангӣ, расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар ҳамасола аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафаи ҷашну идҳои милливу давлатӣ қадрдонӣ карда шуда, ба чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои фарҳангии тоҷикон, соҳибкорони муваффақ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои идона ба шаҳри Душанбе даъват гардиданд.
Ҳайати мазкур дар гузашти низомии идона, роҳпаймоии осоишта, барномаи театркунонидашудаи аҳли фарҳанг ва мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эммалӣ Раҳмон, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар доираи сафари мазкур ҳайати сафарбаргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму адаби кишвар мулоқоту вохӯриҳои судмандро ба роҳ мемонанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ