Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия идома дорад

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар кишвари будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дорад.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст.
Читайте также:

27 июль 2021, Вторник
Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия то 30 сентябр идома меёбад