Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Зиёда аз як миллион маблағи музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Зиёда аз як миллион маблағи музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

29 сентябрь 2021, Среда
496
0
Зиёда аз як миллион маблағи музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар ҳафтаи сипаригардида 1 163 000,0 рубли русӣ муодил ба 181 725,69 сомонии музди меҳнати муҳоҷирони баргардонида шуд.
Бо мақсади баргардонидани музди меҳнат муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.У. ва Х.С, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода барои пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар Федератсияи Россия ба Намояндагӣ муроҷиат намуданд.
Вобаста ба ин, масъулини Намояндагӣ бо корфармоён дар тамос гардида, масъалаи пардохти музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар натиҷа, корфармоён музди меҳнати С.А.У ва ҳамроҳони ӯро дар ҳаҷми 1111000 ҳазор рубл ва музди меҳнати Х.С дар ҳаҷми 52000 ҳазор рублро пардохт намуданд. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ҳатман бо корфармо қарордоди меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба масъулини Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.
8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ