Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт –Петербург

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт –Петербург

04 октябрь 2021, Понедельник
519
0
Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт –Петербург
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар бозори «Сеная»-и шаҳри Санкт – Петербург бо муҳоҷирони тоҷик – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои будубош, расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, пешгири аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвадони хориҷӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, бояд худро дар муҳлати майяншуда дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро дарёфт намуда, баъдан ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намояд. Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба онҳо тавсия дода шуд, ки ба хабару гузоришҳои сомонаҳои мамнуъ, гурӯҳои алоҳидаи радикалӣ бовар накарда, сарчашмаҳои боэътимоди давлативу ҷамъиятиро мутолиа намоед.
Мавриди зикр аст, ки ҳамзамон кормандони ҶСК «Ориёнбонк», ки бо гурӯҳи корӣ дар шаҳри Санкт – Петербург қарор доштанд, дар мулоқот иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулини ширкати бонкӣ вобаста ба тарифҳо ва барномаҳои муосире, ки барои интиқоли маблағ аз ҷониби ширкати мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд, баён намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ба муҳоҷирони меҳнатӣ иброз гардид, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё рух додани ҳодисаву воқеаҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ