Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург

18 октябрь 2021, Понедельник
364
0
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург
Бо доираи васеи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мулоқоту вохӯриҳои судманд бо мақсади риояи ҳатмии қоидаҳои будубош, тартиби расмикунонии будубош, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгарову иртиҷоӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Бо ин мақсад, бегоҳирӯзии 17 октябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, воқеъ дар кӯчаи И. Репин бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир намуданд.
Зимни суханронӣ вобаста ба зарурати риояи қонунгузорӣ ва муносибати эҳтиромона нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми маҳаллии кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, бо овардани мисолҳои мушаххас, ибрози андеша гардид. Тазаккур дода шуд, ки ин қабил гурӯҳҳои номатлубу хатарзо пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ водор менамоянд.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки аз гуруҳҳои ирҷтиҷоиву ифротгароӣ дурӣ ҷуста, андешаву афкори солимро интихоб намуда, барои ҳаёти осоиштаи хеш талош намоянд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё пеш омадани мушкилот ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Телефонҳои шахсони масъули Намояндагӣ барои тамос:
1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.
8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ