Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мушкилоти муҳоҷирон дар Воронеж бартараф карда шуд

Мушкилоти муҳоҷирон дар Воронеж бартараф карда шуд

16 октябрь 2021, Суббота
325
0
Мушкилоти муҳоҷирон дар Воронеж бартараф карда шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират пас аз нашр гардидани маводи сомонаи «Радиои Озодӣ», ки санаи 14 октябри соли 2021 зерин мавзӯи «Саги кӯча соҳиб дорад, мо не. Додхоҳии як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия» мавриди баррасӣ қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки санаи 22 июни соли 2021 миёнарав аз Федератсияи Россия бо номи «Сергей» бо маслиҳати пешакӣ бо миёнаравҳои тоҷики муқими Воронеж «Қодир» ва “Раҳим”, ки эътимоди шаҳрвандонро пайдо намуда, бе мувофиқа ва огоҳонии мақомотҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 110 нафар шаҳрвандонро барои иҷрои корҳои мавсимӣ, аз ҷумла барои ҷамъоварии олуча ва себ ҷалб кардаанд.
Намояндагӣ бо корфармо ва миёнаравҳо дар тамос гардида, ҳолати мазкурро ба таври фаврӣ мавриди муҳокима қарор дод. Дар рафти баррасӣ маълум гардид, ки хароҷоти чиптаи сафар, омода намудани ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро корфармо ба ӯҳда гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ӯ, аз маоши кории кормандон ҳар моҳ маблағи хароҷотҳояшро ихтисор намуда, ба миқдори 7000-8000 ҳазор рубл (муодил ба 1050,0 сомонӣ) ба муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт менамудаст.
Дар натиҷаи гузаронидани машваратҳо бо корфармо ва миёнавравҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ санаи 14 октябри соли 2021, соати 20:00 маблағи 1175000,0 рубл (муодил ба 176250,0 сомонӣ) ба муҳоҷирони меҳнатӣ иловатан пардохт карда шуд.
15 октябри соли 2021 кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳри Воронежи Федератсияи Россия барои ҳалли қазияи мазкур сафарбар гардида, бо роҳбарияти корхона, миёнаравҳо масоили фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Маълум гардид, ки тибқи шартномаи муҳоҷирони тоҷик бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст. Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст, ки ин амалаш боиси нофаҳмӣ ва норизомандии муҳоҷирони меҳнатӣ гаштааст.
Пас аз муҳокима, корфармо тибқи нақша пардохти маоши саривақтиро аз рӯи ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба ӯҳда гирифт. Ҳамзамон, муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи санади қабулу супориш шиносномаҳо ва дигар санадҳои қонунии худро аз корфармо қабул намуданд.
Бояд зикр намуд, ки мушкилоти пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Воронеж аз сифати кори онҳо вобаста буда, онҳое, ки сифати корашон ба меъёри корфармо ҷавобгӯ набуд, маоши камтар (муҳоҷирони тоҷик нисбат ба дигар кормандон камтар ҳосили себро ҷамъоварӣ менамуданд) пардохт менамуд. Дар ин хоҷагӣ дар баробари тоҷикистониён муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар кишварҳои узви ИДМ низ кору фаъолият доранд. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз муҳокима хоҳиши идома додани фаъолияти меҳнатиро бо ҳамин корфармо ба миён гузоштанд ва шумораи ками дигар фаъолияти меҳнатиро бо корфармо қатъ намуданд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё пеш омадани мушкилот фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоед.

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ