Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мувақатан маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ мешавад

Мувақатан маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ мешавад

29 октябрь 2021, Пятница
544
0
Мувақатан маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ мешавад
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 21 октябри соли 2021 ба қарори раиси шаҳри Москва аз 8 июни 2020 вобаста ба маҳдудиятҳо оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус тағийру иловаҳо ворид карда шудааст. Тибқи тағийрот ва иловаҳои воридшуда аз санаи 28 октябр то 7 ноябри соли 2021 маҳдудиятҳо дар қаламрави шаҳри Москва ҷорӣ карда мешавад.
Дар давраи маҳдудиятҳо тарабхонаҳо, қаҳвахона, толорҳои варзишӣ, боғи ҳайвонот, ҳамом, боғу гулгаштҳо, кошонаи ҳусн, сартарошхона, спа-толорҳо, нуқтаҳои маҳсгарӣ, марказҳои савдо, кинотетрҳо, театр, толорҳои фарҳангӣ, сикр, бозорҳо тартиби кори хешро иваз намуда, маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ менамоянд.
Дар бузургтарин фурушгоҳҳои шаҳри Москва бо истиснои Фудсити низ, муваққатан маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Дар Фурушгоҳҳои «Москва», «Содовод», «Тпёпли Стан», «Южний ворота» маҳдудиятҳо пурра ҷорӣ карда шуда, танҳо минтақаҳои фуруши хӯрокворӣ иҷозати фаъолият доранд.
Иловар ба ин, дар сохтмонҳои шаҳри Москва маҳдудиятҳои корӣ ҷорӣ карда нашуда, танҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолияти корӣ ва рафту омад ба ҷойи кор пурзӯр карда мешавад.
Дар давраи маҳдудиятҳо дар шаҳри Москва дорухонаҳо, беморхона, клиникаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, марказҳои фурӯши хӯрокворӣ фаъолият намуда, тарабхона, ошхона, қаҳвахонаву фудкордҳо танҳо шуъбаи хизматрасонии дастраснамоӣ (доставка) фаъолият менамояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони мамлакат даъват менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани солимии худ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё пеш омадани мушкилӣ метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Рақамҳои зерин пайваста фаъол буда, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо рақамҳои зерин дар тамос гарданд.
1. ш.Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
2. ш.Санкт-Петербург:+7(964)3737501;
3. ш.Екатеринбург:+7(982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
6. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ