Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Хотироташ ҷовидон бод! Ифтихори ҳар яки мост!

Хотироташ ҷовидон бод! Ифтихори ҳар яки мост!

01 ноябрь 2021, Понедельник
396
0
Хотироташ ҷовидон бод! Ифтихори ҳар яки мост!
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият, таҳсил, омӯзиши илмӣ ва зиндагӣ менамоянд бо амалҳои накукорӣ, кирдорҳои хайрхоҳона, рафтори намунавӣ ва бо ҷоннисориҳои худ солиёни дароз дар хотираи мардуми муқимӣ бо амалҳои ҷавонмардона боқӣ мемонанд.
Амалҳои накукории шаҳрвандони хориҷӣ, муносибати ҳамгироии сокинони муқимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамдигарфаҳмии тарафайн, иштироки фаъолонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ташаккули ҳаёти ҷамъиятӣ ва бартараф кардани оқибатҳои табииву мушкилоти рӯзмараи ҷамъиятӣ заминае барои рушди муноисбатҳои бародарӣ ва ташаккули ваҳдати байни миллатҳо мусоидат менамояд.
Омилҳои мазкур барои ташаккули муносибати бародарӣ дар доираи тафаккури ҳамдигарфаҳмиву эҳтирому эътиқод рушд намуда, имкони густариши фарҳангу забон, оин ва расму анъанаҳои миллиро дар миёни халқҳои гуногуни ҷаҳон заминагузорӣ менамояд.
Тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангсолор ва тамаддунсоз дар ҳар гӯшаи олам бо рафтори намунавӣ, ташаббускорӣ, иқдомҳои шоиста дар тули қарнҳои гузаштаву ҳаёти имрӯза аз худ номи нек ва дастовардҳои беназирро боқӣ гузоштаанд. Чунин як ҷавонмардӣ аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рух додааст, ки мояи ифтихор ва сарфарозист. Қаландаров Ҳоҷимурод донишҷӯи курси аввали Донишкадаи аграрии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия санаи 7 июни соли 2020 баҳри ҳифзи наҷоти шаҳрвандон синаи хешро сипар намуд.
Мавсуф бо далерию шуҷоат ва мардонагии амиқ дар роҳи ҳифзи асолати инсонӣ аз дарёи Белая-и шаҳри Уфа ду нафар ноболиғон - шаҳрвандони Федератсия Россияро (яке 10 сола ва дигаре 12 сола) аз хатари ғарқшавӣ наҷот дода, худ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ин ҷоннисории ҷавони тоҷикро сокинони маҳаллӣ истиқбол намуда, ӯро дар ҳама ҷо “қаҳрамон” унвон кардаанд. Корнамоиву далерӣ ва ҷоннисории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Ҳукумати Бошқирдистон пас аз марг ба волидайни марҳум мукофот ва ҷоизаҳои махсус тақдим намуданд.
Ҷоннисории ин ҷавонмарди тоҷик дар саҳифаҳои таърихи сокинони ин минтақа нақш баста, наврасони наҷотёфта хотираи марҳумро бо некӣ ёд мекунанд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ