Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ифтихор аст: Талош барои наҷоти ҷони кӯдаки хӯрдсор

Ифтихор аст: Талош барои наҷоти ҷони кӯдаки хӯрдсор

03 ноябрь 2021, Среда
434
0
Ифтихор аст: Талош барои наҷоти ҷони кӯдаки хӯрдсор
Анҷом додани амалҳои ҷавонмардӣ ва ҷасорату мардонагиро танҳо онҳое анҷом медиҳанд, ки дили бузургу андешаи устувор доранд. Ин андешаҳои созанда ва устувор дар дили мардум шуълаи умедро ба зиндагӣ дурахшон мекунад.
Федератсияи Россия кишварест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин сарзамин кору фаъолият менамоянд, ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ зиндагӣ ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Рафтор, гуфтор, андеша ва амали ҳар шахс дар хотираи шахси дигар боқӣ мемонад, агар ин ҳама дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бошад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз қабили онҳоеанд, ки сокинони маҳаллӣ ҳамеша бо ифтихор аз онҳо ёдоварӣ менамоянд. Талошҳо, ҷоннисориҳо ва муҳаббати беинтиҳову заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳоҷирони тоҷик ҳамеша дар қалби сокинони маҳаллӣ боқӣ мемонанд.
Ҳодисаеро зикр карданд ба маврид аст, ки дар шаҳри Североурали вилояти Свердловский Федератсияи Россия ба вуқуъ омада, солҳост, ки сокинони маҳаллӣ аз қаҳрамонии муҳоҷири меҳнати тоҷик қисса мекунанд.
Санаи 12 июни соли 2019 дар шаҳри Североурали вилояти Свердловск шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Фахриддин ҳангоми аз кори сохтмонӣ ба хона баргаштан, ногаҳон дид, ки марди майзада, аз тирезаи хонааш, кӯдаки ноболиғашро дар даст гирифта, мақсади ба замин партофтан дошт. Ин ҳодисаро дида, чусту чолокӣ нишон дода, дарҳол барои кӯмак кардан шитоф. Падари кӯдак фарзандашро аз ошёнаи баланд ба замин партоф, ки Юсупов Фахридин дар ҳаво кӯдакро аз бардоштани зарари ҷисмонӣ наҷот дод.
Падари кӯдак ба ин қаноат накарда, ба поёни хона фаромада мақсади дубора латукӯб кардани кӯдакро дошт, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он муқобилият нишон дода, кӯдакро пас аз ин ҳодиса ба мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия солим таслим намуд.
Воқеан, ин амали шаҳрванди кишвари мо мояи ифтихор аст ва месазад, ки корнамоии ин муҳоҷири меҳнатии мо барои дигарон намунаи ибрат бошад.
Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи тафтишотии вилояти Свердловск барои ҷавонмардии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ