Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Федератсияи Россия: Наку бошу наку андеш

Федератсияи Россия: Наку бошу наку андеш

17 ноябрь 2021, Среда
557
0
Федератсияи Россия: Наку бошу наку андеш
Фарзандони бонангу ори миллати тоҷик бо ташаббускориву созандагӣ ва иқдомоти шоистае дар ҳар давру замон мақом ва манзалати шоистаеро, ки дар ҳар гӯшаи олам барои худ касб менамуданд, зеро зиндагӣ ва фаъолияти рӯзмараи онҳо шоистаи таҳсин ва сабақи омӯхтанист .
Давлати дӯсту бародар - Федератсияи Россия барои миллати тоҷик сарзамини бегона набуда, ҳазорон фарзандони миллати тоҷик дар гузаштаи таърих, солҳои барқарорсозии Иттиҳоди Шуравӣ, давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он низ баҳри рушди он хизматҳои шоистае кардаанд. Федератсияи Россия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст мебошаду барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули фарҳанги байниҳамдигарӣ ва равнақу густариши муносибатҳои дӯстии халқҳои бузурги ду миллат пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба имконияти таҳсил, омӯзиш, кору фаъолият дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст. Дар иртибот ба ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳсил, тадқиқотҳои илмӣ, корҳои эҷодиву бунёдкорӣ, фаъолияти меҳнатӣ талош менамоянд, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Федератсияи Россия саҳмгузорӣ намуда, барои ташаккули муносибаҳои дӯстонаи халқҳои бузурги тоҷику рус заминагусаҳмгузор бошанд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии Федератсияи Россия дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд, ки кору фаъолият ва донишандӯзии онҳо шоистаи таҳсин асту фаъолияти ҷамъиятии онҳо мояи ифтихор аст.
Мавлоназаров Азизхон Силмонович аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки новобаста аз он ки донишҷӯ мебошад дар давраи хуруҷи бемайлони пандемия барои мусоидат намудан ба мардуми Россия пайваста кӯмак менамуд.
Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи миллии шаҳри Волгогради Федератсияи Россия буда, дар факултети технологияҳои ахборотӣ – комуникатсионӣ таҳсил менамояд. Ҳангоми таҳсил ӯ мехост ба дигарон кӯмак намояд. Ин ҳисси хайрхоҳии ӯ буд, ки аз соли 2018 то инҷониб ба ҳайати волонтёрон бо мақсади дастгирии табақаи осебпазир фаъолияти ҷамъиятии ризокориро ба роҳ мондааст. То давраи падемия ӯ барои шахсони имконияташон маҳдуд кӯмак намуда, бо онҳо суҳбатҳо, кӯмакҳои моддиву маънавӣ мерасонид. Бештар кӯшиш мекард, ки мунису ғахори кӯдакони имконияташон маҳдуд бошаду ба ҳамсолони худ инро ташфиқ менамуд.
Дар давраи пандемияи ҳамагир, ки аҳолиии Федератсияи Россия бознишаста буданд, Азизхон фаъолияти волонтёрии худро идома дода, ба шахсони эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ мерасониданд. Ӯ барои эҳтиёҷмандон маводҳои хӯрокворӣ, маводҳои санитариву тиббӣ, доруворӣ ва барои интиқоли шахсони бемор тавассути телефонҳои боварӣ кӯмак менамуд.
Ӯ дар ҳайати волонтёрони шаҳр дар давраи хуруҷи бемории коронавирус бо ҳайати табибон ва дигар волонтёрон фаъолияти худро пеш мебурд ва кӯмакҳои пайвастаро барои шахсони эҳтиёҷманд роҳандозӣ менамуд.
Фаъолияти ҷамъиятӣ, кӯмак ба шахсони эҳтиёҷманду ғайриқобили меҳнат, расонидани маводҳои доруворӣ, саҳмгузорӣ дар пешгирии бемории коронавирус дар ин кишварро Ҳукмати Федератсияи Россия ба инобат гирифта, Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ба Мавлоназаров Азизхон Силмонович ифтихорномаи фахрӣ ва медали «Мывместе» (мо якҷояем) қадрдонӣ намуданд.
Фаъолияти ин шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия таҳсил намуда истодааст, мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик мебошад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ