Дидори раисони парлумони Тоҷикистону Русия аз системаи он-лайни Фурӯдгоҳи ш. Душанбе
Шоми дирӯз, 07.10 2013с. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия, Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев ва Константин Ромодановский, Сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС) аз бунгоҳи иттилоърасонӣ (Оnline система)-и Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Душанбе дидан намуда, аз усули корбурди ин система аз наздик ошно шуданд.
Раиси Фурӯдгоҳи байналмилалӣ ш.Душанбе Холиқов Рустам ҳангоми сӯҳбат бо раиси Думаи Давлатии Федеретсия Россия, С.Наришкин иброз дошт, ки чунин система дар Осиёи миёна аввалин буда, дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Россия, Фурӯдгоҳи байналмилалӣ ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳмонда шудааст.
(Оnline система) Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Душанбе ба муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад қабл аз сафар ба ФР оид ба депортатсия (рондашавӣ) ё беруншавӣ (выдворение) иттилооти пурраро сари вақт баъди 10 дақиқа дарёфт намоянд .
Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз шиносоӣ бо системаи мазкур, меҳмонон шоми ҳамон рӯз ба ш.Бишкек сафар намуданд.
Шуъбаи робита
бо ҷомеаи ХМнҲҶТ