ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза бо раиси Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, котиби Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, директори ҶДММ “Кадровое агенство “Персонал - Партнер”-и шаҳри Қазон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба амалӣ намудани тайёрии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, баҳодиҳии сатҳи касбият, ҷалби корфармоён дар раванди бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳи забондонӣ, инчунин доир ба мукаммал гардонидани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Федератсияи Россия дар раванди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва коркарди механизми он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилаи соҳавии тарафайнро муҳим дониста, рушди муносибатҳои ҳамкориро дар самти муҳоҷират барои бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.
Читайте также:
26 август 2021, Четверг
Тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия