Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА

21 декабрь 2021, Вторник
979
0
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли муҳими сиёсӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вазъияти ниҳоят душвори иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бо сабаби паҳн шудани коронавирус дар минтақа ва дунё ба вуҷуд омадааст, ироа гардид.

Новобаста аз ин, дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, дар соли 2021 Ҳукумати кишвар дар самтҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маданӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Зимни ироаи Паём самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ барои солҳои минбаъда ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ироа гардиданд.

Дар натиҷаи талошҳои пайваста ва сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат «дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард», ҳамзамон, танҳо «дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд», ки ҷиҳати паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити корӣ барои сокинони мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда», ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд.

Вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии онҳо иброз гардид, ки мақомотҳои марбута барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, пайваста миёни шаҳрвандон, корҳои тарғиботӣ – ташфиқотиро ҷиҳати «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» тақвият бахшанд.
Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд», иқдоми мазкур баҳри татбиқи чорумин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои шаҳрвандони мамлакат заминагузорӣ менамояд. Тадбири мазкур дар мамлакат имконият фароҳам меоварад, ки дар зарфи ин солҳо дар кишвар «беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ» таъсис дода шуда, маҳсулоти хоми аълосифат истеҳсол ва ба дигар кишварҳои олам содирот карда мешавад.
Дар иртибот ба ин таъкид гардид, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкориҳои пайваста бо соҳибкорони хӯрду бузург ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ, азҷумла рушди саноаткунонии кишвар тадбирҳои созанда роҳандозӣ карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш ба соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти бештар дода, ҳамасола маоши кормандонро мунтазам боло мебардорад. Дар Паёми имсола иброз зикр гардид, ки «аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад». Баланд бардоштани маош барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони малакат ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани касбияти хизматчиёни давлатӣ, ба омӯзиши муосир фаро гирфтани онҳо ва азбарнамоии забонҳои хориҷӣ чбарои хизматчиёни давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, зимни ироаи Паём иброз гардид, ки «Бовар дорам, ки вакилони парламент, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд». Ин нуктаро кормандони Намояндагӣ сармашқи фаъолияти кори ҳаррӯзаи хеш қарор дода, талош менамоянд, ки ба халқу давлат содиқона хизмат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари кормандони Намояндагӣ як гуруҳ муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кор фаъолият доранд, Паёми солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Пас аз анҷоми Паём муҳоҷирони меҳнатӣ иброз намуданд, ки воқеъан дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, имкониятҳои васеъ барои зиндагии осоишта фароҳам оварда шудааст. Мо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани имкониятҳои созгор барои зиндагии осоишта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд тавсия медиҳем, ки Паёми солонаи Пешвои муаззами миллатро тамошо ва мутолиа намуда, сармашқи фаъолияти кори хеш намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ