МУСОИДАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират маблағи музди меҳнати 20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби корфармо пардохт нашуда буд, пардохт гардид.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.С.Қ. зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба Намояндагӣ оид ба пардохт нагардидани музди меҳнати 20 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар Федератсияи Россия муроҷиат намуд.
Вобаста ба ҳалли қазияи мазкур масъулини Намояндагӣ ҷиҳати пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ бо корфармо дар тамос гардида, масъалаҳои пардохт гардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Дар натиҷаи машваратҳо ва гуфтугуҳои пайвастаи ҷонибҳо дар муддати муайян корфармо музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро пардохт намуд.
Ҳаҷми нопардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ 900,000 ҳазор рублро ташкил дода, корфармо маблағи мазкурро ба муҳоҷирони меҳнатӣ пурра пардохт намуд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби масъулини Намояндагӣ тавсия дода шуд, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ё пеш омадани масъалае дар самти муҳоҷиратӣ муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Москва ва Ҳавзаҳои Федералии Россия ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202, +7(929)540 88 88;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru