Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК

ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК

30 декабрь 2021, Четверг
504
0
ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК
Дар арафаи соли нави мелоди ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур дар доираи ташаббусҳои гуманитарӣ бо мақсади хушҳол намудани ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуд тадбири навинро дар ин минтақаи дурдасти Федератсияи Россия амалӣ намуданд.
Дирӯз аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур ва ҳамватанони саховатпешаи тоҷик ҳамроҳ бо рамзи соли нави меллодӣ «Бобои Барфӣ» ба хонабачагони рақами №6 шаҳри Хабаровск ташриф оварда, бо қироати шеъру тарона ва бозиҳои гуногун дили дуструяконро хушҳол намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар муассисаи мазкур ятимону бепарасторон ва шахсони камбизоат таҳсил намуда, бо мақсади ҳавасманд намудани ин дуструякон ин тадбири фарҳангӣ баҳри хушҳолии онҳо дар арафаи соли нави меллодӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар доираи ин тадбир аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур ба хонаи бачагони № 32-и деҳаи Некрасовкаи шаҳри Хабаровск ташриф оварда, бо бозиҳои гуногун, шеъру таронахонӣ ва рақсу таронахони дили тарбиятгирандагони ин муассисаро шод намуданд.
Ҳангоми боздид аз муассисаҳои мазкур ба ҳар як тарбиятгиранда аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур ва соҳибкорони саховатпешаи тоҷик туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Инчунин, бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани соли нави мелодӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур ба аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқимӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Читайте также:

Таъзия
28 сентябрь 2021, Вторник
Таъзия
Таъзия
28 сентябрь 2021, Вторник
Таъзия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ