Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТӢ ДАР ШАҲРИ РЯЗАН

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТӢ ДАР ШАҲРИ РЯЗАН

30 декабрь 2021, Четверг
2 042
0
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТӢ ДАР ШАҲРИ РЯЗАН
28 декабри соли ҷорӣ дар маъмурияти шаҳри Рязан ҷаласаи ҷамъбастии Шӯро оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо дар назди роҳбари маъмурияти шаҳри Рязан баргузор гардид, ки дар кори он раиси шаҳри Рязан Сорокина Елена Борисовна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Шӯро намояндагони вазорати корҳой дохилӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллӣ ва ташкилотҳои динии шаҳри Рязан иштирок ва суханронӣ намуданд.

Андрей Набатчиков, сардори шӯъбаи назорати муҳоҷирати Раёсати муҳоҷирати Раёсати ВКД Федератсияи Русия дар вилояти Рязан дар бораи вазъи муҳоҷират дар шаҳр ва тамоюли рушди он гузориш дода, ҳамин тариқ, кормандони воҳидҳои РВКДдар шаҳр пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, назорати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, риояи қоидаҳои ҷалб ва истифодаи қувваи кории хориҷироаз ҷониби корфармоён мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар кори ҷаласа, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Рязан «Сомонӣ» Ҳасан Шамсиев иштирок ва вобаста ба раванди муҳоҷират ва тамоюли он дар вилоят суханронӣ намуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ