Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД

БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД

30 декабрь 2021, Четверг
394
0
БУДУБОШИ ХУДРО РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки муҳлати иҷрои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” санаи 30 декабри соли 2021 ба анҷом мерасад.
Мавриди зикр аст, ки муҳлати қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” 30 сентябри соли 2021 ба анҷом расида буд. Шаҳрвандони хориҷе, ки то санаи 30 сентябри соли ҷорӣ будубоши худро дар назди мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштаанд, новобаста аз мақсади вурудашон (шахсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ғ.) тибқи муқарароти фармони мазкур то санаи 30 декабри соли 2021 метавонанд бастаи ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пешниҳод намоянд.
Дар иртибот ба ин, дар соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ФЕдератсияи Россия ба 18610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35763 нафар шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон, шоистаи зикр аст, ки дар соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатиро ба мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ғайри расмӣ дар қаламрави ФР қарор доранд, ба роҳ мондааст
Дар баробари ин дар соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ баҳри сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкориҳо бо давлати қабулкунанда оид ба масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Россия, прокуратура, суд, шӯъбаҳои полис, Кумитаҳои тафтишотӣ, Марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту вохӯриҳои судманди кориро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қабул гардидани Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” дар давраи пандемия имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандони хориҷе, ки дар ҳолати мушкил гирифтор буданд, будубош ва фаъолияти меҳнатии худро ба расмият дароварда, дар доираи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия фаъолият намоянд.
Пас аз анҷом расидани муҳлати фармони мазкур дар соли 2022 дар қаламрави Федератсияи Россия будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба қаламрави Федератсияи Россия меоянд ё дар қаламрави Федератсияи Россия будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд дар доираи қонунҳои амалкунанда бе дарназардошти фармони мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Шаҳрвандоне, ки дар ин давра натавонистанд, ки будубоши худро расман ба қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд, ки барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд, онҳо метавонанд, ки то анҷоми муҳлати қонуни мазкур қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ