Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!

БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!

31 декабрь 2021, Пятница
498
0
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имерасонад, ки аз санаи 15 июни соли 2021 ба қонунҳои федералӣ аз 25 июли соли 2002, № 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» ва Қонуни федералии «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактелескопия дар Федератсияи Россия» як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор мегирад.
Дар қонунҳои мазкур будубош вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, шахсӣ, сайёҳӣ, меҳмонӣ, тиҷоратӣ, иқомати муваққатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ, азҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, тағийротҳо ворид карда шудааст, ки шаҳрвандони хориҷиро мебояд, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ба қонунҳои амалкунанда шинос гардида, ҳангоми ворид шуданд ба ҳудуди Федератсияи Россия талаботҳои қонунгузории ин кишварро риоя намоянд.
Тибқи қисми 4. моддаи 13-и қонуни мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, бояд дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ худро аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронанд. Бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ҳангоми супоридани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозати фаъолияти меҳнатӣ (патент) амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, тибқи моддаи 13 ҳамин қонун шаҳрвандоне, ки ба ғайр аз фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд ва беш аз 90 рӯзи тақвимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия будубоши муваққатӣ доранд, қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ барои онҳо низ татбиқ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони хориҷии аз 6 сола боло дар қайди давлати изи ангушт ва аксбардорӣ иштирок менамоянд.
Дар доираи тағийроти мазкур, тибқи моддаи 18 шаҳрвандони хориҷие, ки на ба мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия уҳдадор мешавад, ки аз ташхиси тиббӣ оид ба надоштани истеъмоли маводи мухаддир ва маводи психотропӣ ва ҳамчунон касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди Федератсияи Россия аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Шаҳрвандлони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба кишвар уҳдадоранд, ки аз ташхиси тиббӣ оид ба надоштани истеъмоли маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва набудани мавҷудияти касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди Федератсияи Россия аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Тибқи талаботи қонуни мазкур муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳангоми ворид шуданд ба ҳудуди Федератсияи Россия талаботҳои қонуни мазкурро риоя намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ