Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ДАР ИНТИЗОРИ БОБОИ БАРФӢ

ДАР ИНТИЗОРИ БОБОИ БАРФӢ

31 декабрь 2021, Пятница
570
0
ДАР ИНТИЗОРИ БОБОИ БАРФӢ
Бахшида ба Соли нави мелоди аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикон «Сомонӣ» муддати се сол аст, ки аксия таҳти унвони «Кӯдакон дар интизори бобои барфӣ» гузаронида мешавад.
Имсол иқдоми мазкур санаҳои 25, 26 ва 27 декабри соли 2021 дар деҳаҳои гуногуни вилояти Рязан ташкил ва бо доираи васеи кӯдакону наврасон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.
Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар хонаи фарҳангии деҳаи Подвязи вилояти Рязан аксияи мазкур ташкил ва баргузор гардид, ки дар он сокинону кӯдакон ва наврасони деҳаҳои Подвязе, Рибное ва Шилово иштирок намуданд.
Дар баробари сокинони маҳаллӣ муҳоҷирони меҳнативу тоҷикони муқимӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Дар акси мазкур, кӯдакону наврасони муқимӣ бо кӯдакону наврасони тоҷикони муқимӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ шеъру суруд ва таронаву чистон ва ҳикояву афсонаҳои халқӣ қироат намуда, аз ҷониби Бобои барфӣ бо туҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Иқдоми мазкур барои мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ин минтақаи Федератсияи Россия, густариши фарҳанг, таърих ва осори пурғановати миллӣ, азҷумла осори фолклории миллати тоҷик мусоидат намуда, барои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстии ду халқи бузург тоҷику рус мусоидат менамояд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳамзамон иқдомоти мазкур барои тақвияти муносибатҳои ду кишвари дорои муносибатҳои стратегӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам меоварад, ки насли ҷавони кишвар аз таърихи бою рангини ду халқи бузург аз наздик ошноӣ пайдо менамоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ