Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

01 апрель 2022, Пятница
114
0
ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имсол таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик фаъолона иштирок намуданд.
Таҷлили ҷашни Наврӯзӣ, ки дар ҳавзаҳои федералии Россия, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бо шаҳомати хосса ташкил ва баргузор гардид, бо дастгирии бевоситаи роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия ташкил ва баргузор гардиданд.
ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Дар чорабиниҳои Наврӯзӣ расму оин, анъанаҳои неки миллати тоҷик, бозиҳои гуногуни варзишӣ, намоиши дастоварду осори пурғановати миллати тоҷик, дастовези ҳунармандон, барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар баробари тоҷикон миллатҳои дигари кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Боиси фараҳмандист, ки ин ҷашни миллии ниёкони мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сокинони олам ба хушнудӣ пазируфта шуда, онро дар саросари олам, на танҳо тоҷикон, балки тамоми халқҳои олам таҷлил менамоянд, ки ин бевоиста бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда шуда, созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ин ҷашнро ҳамчун мероси маданӣ қабул намуда, дар ҷадвали рӯзҳои байналмилалӣ тасдиқ карда шудааст.
Ҷашни байналмилалии Наврӯзи тоҷикон дар Федератсияи Россия дар соли 2022 аз шаҳри Хабаровски кишвари Шарқи Дур оғоз гардида, санаи 19 марти соли 2022 дар қасри фарҳанги «Рус» бо иштироки миллатҳои кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланду зарурӣ доир гардида, дар он намоиши ҳунармандӣ, расму оини халқҳои ҳавзаи Наврӯз ва барномаи фарҳангии адабӣ бо намоиши беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти маҳалии давлатӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва тоҷикони муқимии минтақаи мазкур иштирок намуда, бо расму оин ва анаъанаҳои наврӯзӣ аз наздик шинос шуданд.
Санаи 21 марти соли 2022 дар боғи «Сосновка»-и шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, иштирок намуданд.
Нахуст, пеш аз оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои ҳунармандони кишварҳо, расму оин, мероси маданӣ, таомҳои миллӣ ва асбобҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз вазорату идораҳои шаҳр, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шаҳрвандони кишварҳои дуру назидик ва сокинони маҳаллӣ аз он дидан намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабию фарҳангии диданӣ ба намоиш гузошта шуда, дар он рақсу суруду тарона аз ҷониби аҳли адаб ва санъаткорони муқимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия ва халқиятҳои Федератсияи Россия ба марази тамошо гузошта шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он тоҷикони муқими ҷумҳурии мазкур иштирок намуданд. Намоиши барномаи фарҳангӣ, дастархони наврӯзӣ ва намоиши таомҳои миллӣ имконияти муаррифии арзишҳои миллиро дар хориҷи кишвар фароҳам овард.
Санаи 22 марти соли 2022 дар шаҳри Калинингради Федератсияи Россия ҷашни миллӣ – Наврӯзи аҷам бо тантана таҷлил карда шуд, ки дар он тоҷикони муқимӣ ва дигар сокинони муқими шаҳр иштирок намуданд.
ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои миллӣ, таому дастархони Наврӯзӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи аҷам дар Федератсияи Россия 23 марти соли 2022 дар Донишкадаи идоракунии иқтисодӣ ва ҳуқуқи шаҳри Сургут якумин Фестивали фарҳангии миллӣ «Наврӯз» баргузор гардид.
Дар фестивал роҳбарияти донишкада, намояндагони мақомоти шаҳри Сургут, донишҷӯёни тоҷик, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур ба таври фосилавӣ Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода суханронӣ намуда, вобаста ба моҳияти ҷашни миллии тоҷикон Наврӯз суханронӣ намуданд.
Дар фестивали мазкур намоиши ҳунармандии хоси миллати тоҷик: сару либосҳо, дастархони наврӯзӣ, барномаи адабии фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва мардуми муқимии ин минтақаи дурдасти Федератсияи Россия иштирок намуда, бо расму оин ва анъанаҳои Наврӯзии миллати тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Санаи 28 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Шарқи Дур ва раёсати донишгоҳ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид, ки дар он донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур намоиши дастовардҳои ҳунарӣ, таомҳои миллӣ, дастархони наврӯзӣ ороста шуда, барномаи фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардид.
Инчунин, тибқи нақша санаи 19 марти соли 2022 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия низ таҷлил карда шуда, дар ин чорабинии миллӣ тоҷикони муқими шаҳр ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, меҳмонон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандони кишваҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, ҷашни миллии Наврӯз санаи 19 март дар шаҳри Барнаул ва Иркутск ташкил ва баргузор карда шуда, дар як сатҳи баланду зарурӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, санаи 20 март дар шаҳри Томск, Сахалини Ҷанубӣ, Хабаровск, 21 март дар шаҳри Красноярск, 26 март дар шаҳри Кемерово, Новокузнетск ва 27 марти соли 2022 дар шаҳри Ёқутистон Ҳавзаи федералии Сибири Федерасияи Россия ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Федератсияи Россия барои тарғибу ташфиқ ва муаррифии расму оин ва анъанаҳои неки миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, василаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад. Инчунин, имконият фароҳам меоварад, ки сокинони муқимӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг, забон, осори мадании миллати тоҷик аз наздик ошно гардида, барои густариши фарҳангу таърихи миллати тоҷик дар хориҷи кишвар имконият ва шароитро фароҳам меовард.
Дар баробари чорабиниҳои адабӣ, тибқи анъана баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишии миллӣ дар ин кишвар ба ҳукми анъана даромада, дар ин чорабиниҳои варзишии оммавӣ шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок менамоянд.
Тантанаҳои ҷашни Наврӯз идома доранд.

Читайте также:

Таъзия
28 сентябрь 2021, Вторник
Таъзия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ