Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » МУРОҶИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ЧОРАҶӮӢ КАРДА МЕШАВАНД

МУРОҶИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ЧОРАҶӮӢ КАРДА МЕШАВАНД

08 апрель 2022, Пятница
134
0
МУРОҶИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ЧОРАҶӮӢ КАРДА МЕШАВАНД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - расонидани кӯмаку машварати ҳуқуқӣ, бо ҷои корӣ таъмин намудан, баргардонидани музди меҳнати онҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт бо мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст.
Вобаста ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ваъзи ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза муҳоҷирони меҳнатӣ ба дафтари Намояндагӣ дар шаҳри Москва, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа муроҷиат намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти худ тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон мегиранд.
Дар Намояндагӣ барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ – утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил карда шуда, шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, вобаста ба қонунигардонӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ лавҳаи иттилоотӣ “Кӯмак барои муҳоҷирони меҳнатӣ” насб карда шуда, дар он маълумотҳои зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойгир карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақиман аз он истифода намоянд.
Дар иртибот ба ин дар семоҳаи аввали соли 2022 ба дафтари Намояндагӣ дар шаҳри Москва ва ҳавзаҳои федераллии Россия 2854 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.
Аз ин шумораи муроҷиатҳои воридгардида 222 муроиҷатҳои хаттӣ буда, 2632 муроҷиатҳои шифоҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба онҳо баррасӣ карда шудааст.
Намояндагӣ бо мақсади таъмини муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият тадбирҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ телефонҳои кории Намояндагӣ фаъол буда, ба муроҷиатҳои шаҳрвандони кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳату машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгонро роҳандозӣ менамоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ