Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Намаки аълосифати Тоҷикистон дар «Продэкспо-2014»

Намаки аълосифати Тоҷикистон дар «Продэкспо-2014»

12 февраль 2014, Среда
1 583
0
Намаки аълосифати Тоҷикистон дар «Продэкспо-2014»
Аз 10 феврали соли равон дар шаҳри Москва намоишгоҳи байналмиллалии маҳсулоти озуқаворӣ таҳти унвони «Продэкспо-2014» оғоз шуд. Дар ин чорабинии бонуфуз аз кишвари мо ҶСШК «Хоҷамӯъмин» иштирок намуд
Намоишгоҳи байналмиллалии маҳсулоти озуқавории «Продэкспо-2014» яке аз чорабиниҳои бонуфузи соҳавии минтақа ба шумор рафта, сол то сол доираи иштирокдоронаш фаррохтар мегардад. Дар 21-мин намоиши маҳсулоти озуқаворӣ, ки ин дафъа дар масоҳати 100 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кард, бештар аз 2300 корхона аз 63 давлати ҷаҳон намунаҳои махсулоти хешро ба маъраз гузоштанд. Чун яке аз талаботҳои чорабинӣ дар баробари сифати хуб, ҷиҳати экологии маҳсулот ба шумор меравад, дар намоиш аз ҶТ беҳтарин намунаҳои намаки аълосифати ҶСШК «Хоҷамӯъмин» ширкат дошт.
- Мо дар чунин намоишгоҳ бори нахуст ширкат меварзем. Барои муаррифӣ бештар аз 10 намунаи маҳсулоти хешро пешниҳод кардаем. Бо маҳсулоти аълосифат имрӯз бозори дохилиамонро ба пуррагӣ таъмин менамоем, мақсади ширкати мо дар намоишгоҳ шарикони хориҷи пайдо карда, ба берун содир кардан аст, - мегӯяд директори генералии ҶСШК «Хӯҷамӯъмин» Маҳмуд Файзов.

Албатта истеҳсоли махсулоти аълосифату аз лиҳози экологи тоза як ҷанбаи муваффақият бошад, ҷанбаи дигари муҳими он дар пешниҳоду тарғиби дурусти маҳсулот, натанҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар аст. Ин нукта бори дигар дар таваҷҷуҳи соҳибкорони хориҷӣ собит гардид.
Ҳамоиши мазкур барои корхонаҳо натанҳо, барои дарёфти шарикони беруна мусоидат менамояд, балки имкониятҳои иловагии омӯзиш ва татбиқи технологияхои муосиру самараноки истеҳсолиро фароҳам мезозад, ки барои дар шароити рақобати шадид нигоҳ доштан ва рушд кардани корхона хеле муҳимаст.
Намоишгоҳ то 14 феврал идома меёбад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ