Табрикот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, бароятон иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоем.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид.
Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд.
Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия, халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.
Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститусионӣ мусоидат намуданд.
Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд.
Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ, консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.
Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.
Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин намоем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, бароятон саодатмандӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар таманно менамоем.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!