Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

09 декабрь 2022, Пятница
272
0
Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

9 декабри соли 2022 дар дафтари кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони расмӣ, аъзоёни ҷамъияти тоҷикони бурунмарзӣ ва сардори шуъбаи байналмилалии ҳизби «Единая Россия» Журавлев Николай Виталевич баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани табрикотии намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек ифтитоҳ гардида, қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дилу тафаккури мардум реша мегирад. Он аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии ватан саъю талош меварзад. Онро метавон ягона нерӯи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст.

Хушбахтона, чунин низоми сиёсӣ солиёни зиёд аст, ки фаъолияти рӯзмарраи сиёсати давлати Тоҷикистонро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил дода, натиҷаҳои чашмгиреро ба бор оварда истодааст.

Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз афкору эътиқодоти мавҷудаи сиёсӣ, аз ҷомеаи кишвар бартариҳои зикршударо замоне гирифта ба раванди амалкард вогузор намуд, ки онҳо ҷавобгӯйи хостаҳои миллии мардум маҳсуб ёфта, пешрафти бомароми давлат ва суботу оромиии сиёсиро дар ҳама сатҳҳои ҷомеа таъмин карданд.

Маҳз ҳамин некхоҳӣ, хушбинӣ ба ояндаи дурахшон ва баҳамоварии ормонҳои миллӣ буданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тақдири минбаъдаашро ба ин ҳизби сиёсӣ пайваста, аз ғояҳои созандаи он якдилона ҷонибдорӣ намуд. Болотар аз ин, дар маъракаҳои интихоботӣ ба намояндагони ҳизби мазкур раъйи худро дода, зимоми қудратро ҳар навбат ба эътимоди бештару қавитар ба дасти ин ҳизби сиёсии кишвар супорид. Ин аст боварӣ, эътимод ва муҳаббату садоқат нисбат ва низом ва гурӯҳи сиёсие, ки мехоҳад ва метавонад давлатро ба маҷрои рушди босубот ворид намуда, зиндагии арзандаеро баҳри сокинонаш фароҳам оварад.

Воқеан, роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ роҳи мушкилу пурпечутоб, пур аз моҷароҳои сиёсӣ, аммо бошарафона ва садоқатмандона буд.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқӣ будани худро нишон дода, исбот намудааст, ки тавъам бо ормонҳои миллии мардум мебошад. Тамоми афкору маънавиёт ва шуури сиёсиаш аз дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш танҳо ва танҳо ба манфиати халқ равона гардидааст.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки асри ХХI ба раванди ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик таъсири чашмрасе гузоштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми бисрёҳизбӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, вақт нишон дод, ки чунин ибтикори саривақтӣ судманд ва ояндадору дарозмуддат аст.

Мебояд ба хотир дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар раванди 28 соли фаъолияти хеш пайваста талош дошт ва ин раванд боз ҳам босамар идома дорад. Он Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва бомаром идома медиҳад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ, аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» роҳнамоӣ мекунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳизби «Единая Россия» тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ