Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ширкати ҶДММ “ЭРИЭЛЛ НЕФТЕГАЗСЕРВИС” коргар меҷӯяд

Ширкати ҶДММ “ЭРИЭЛЛ НЕФТЕГАЗСЕРВИС” коргар меҷӯяд

14 февраль 2023, Вторник
216
0
Ширкати ҶДММ “ЭРИЭЛЛ НЕФТЕГАЗСЕРВИС” коргар меҷӯяд
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати байналмилалии хидматрасонии соҳаи нафту газ ҶДММ “ЭРИЭЛЛ НЕФТЕГАЗСЕРВИС”, ки дар самти сохтмони конҳои нафтӣ ва таъмири чоҳҳо ба ширкатҳои пешбари саноати нафту газ дар Федератсияи Россия хизматрасонӣ менамояд, ронандагони мошинҳои калони боркашро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Новий Уренгой, Ҳавзаи автономии Ямало-Ненетск даъват менамояд.

Ширкати мазкур барои кормандон аз рӯи касбу кори гуногун маоши музди меҳнатро ба таври зайл пешниҳод менамояд: барои ронанда-экспедитор дараҷаи Е – 68 800 рубл, ронанда-экспедитор дараҷаи С – 65 200 рубл, ронанда-экспедитор дараҷаи D – 65 200 рубл, таъмиргари мошинҳо – 52 000 рубл, мошинисти кранҳои автомобилӣ разряди 7 (25 т) – 83 200 рубл, мошинисти эксковатор – 56 800 рубл пешниҳод мегардад.

Ба ҷойи кор танҳо ронандагони дорои шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия, дараҷаи С, D, Е ва бо доштани таҷрибаи ронандагӣ на кам аз 3 сол қабул карда мешаванд.

Хароҷотҳои вобаста ба парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то Федератсияи Россия, ҳуҷҷатгузорӣ, ҷойи хоб ва хӯрок аз ҷониби корфармо пардохт мегардад.

Барои ба ҷойи кор ҷалб кардан, аз ҷониби корфармо бо довталабон тариқи маҷозӣ сӯҳбат (собеседование) гузаронида мешавад.


Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:
Винокурова Елена Леонидовна: +7 (985) 550-45-47
Латипов Артем Русланович: +7 (912) 910-14-79

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ