Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати логистикии “ПЭК”

Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати логистикии “ПЭК”

03 март 2023, Пятница
318
0
Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати логистикии “ПЭК”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати “ПЭК”, ки дар самти ҳамлунақл дар Федератсияи Россия хизматрасонӣ менамояд, кормандони боркашонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва ва дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия даъват менамояд.

Хароҷотҳои вобаста ба пешвоз, интиқол то маҳалли кор, хобгоҳ, бақайдгирӣ, маблағи моҳонаи патент ва либоси корӣ аз ҳисоби ширкат пардохт карда мешавад.

Дар сурати надоштани маблағ барои хариди чиптаи ҳавопаймо, ширкат тамоми хароҷоти сафарро ба зима гирифта, баъдан 50 %-и маблағи чиптаи ҳавопаймо ва хароҷоти барасмиятдарории патентро аз корманд дар муддати то 6 моҳ аз маоши коргар нигоҳ медорад.

Корманд пас аз ба маҳалли кор ҳозир шудан, то омода гардидани иҷозатномаи кориаш ба омӯзиш фаро гирифта шуда, хӯроки як моҳааш низ ройгон пешниҳод мегардад.

Музди меҳнати кормандон дар ҳавзаҳо гуногун буда, вобаста ба ҳаҷми истеҳсолот аз 30 000 то 50 000 рублро ташкил медиҳад. Кори изофагие, ки пас аз анҷом намудани ҳаҷми муқарраргардидаи рӯзона иҷро шудааст, алоҳида ҳисобӣ шуда, пардохт мегардад.

Ширкати мазкур яке аз машҳуртарин ва бузургтарин ширкати ҳамлунақл дар ФР ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҳавзаҳои федералии Россия намояндагиҳои худро дорад.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:

Юртаев Валерий: +7 (916) 874-18-78

Хайдаров Муродҷон: +7 (999) 970-88-38

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ