Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ИШТИРОК ДАР VII – УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ

ИШТИРОК ДАР VII – УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ

16 март 2023, Четверг
371
0
ИШТИРОК ДАР VII – УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ
15 марти соли 2023 дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия VII – умин Форуми байналмилалии меҳнат ба кори хеш оғоз намуд.

Форуми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Санкт - Петербург ва Ассамблеяи байнимарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл ташкил ва ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви ИДМ иштирок ва дар панелҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи коргарон, ҷалби муташаккилони муҳоҷирони меҳнатӣ, кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳамоварии имконият барои аъзои оилаи онҳо мавриди таҳлил ва омӯзиши илмӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас дар ин самт роҳандозӣ карда мешавад.

Дар кори форум Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки форуми мазкур ҳамасола доир гардида, дар он умдатарин масъалаҳои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар бахшҳои гуногун ва беҳтарсозии шароити мусоид дар ин самт дар платформаҳо ва майдонҳои мубоҳисавиву таҳлилӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад.

Форуми мазкур имконияти табодули таҷрибаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои кишварҳои аъзо фароҳам оварда имконият медиҳад, ки қонунгузориҳо дар ин самт ташаккул дода шуда, мутобиқ ба меёрҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ таҳия, қабул ва тасдиқ карда шаванд.

Дар доираи кори форуми мазкур ҳамзамон нақши давлат дар рушди бозори меҳнат, танзими равандҳои муҳоҷират, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ, риоя ва ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон ва иштирокашон дар ҳаёти мадании аъзои кишварҳои узви ИДМ мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

Форуми зикршуда аз санаи 15 то 17 марти соли 2023 ҷараён хоҳад гирифт.

Бояд қайд кард, ки Форуми VI-и байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург, ки моҳи марти соли 2022 баргузор шуд, 110 чорабиниро дар бар гирифта, зиёда аз 5100 иштирокчӣ ва баромадкунандагонро ҷамъ овард.


ИШТИРОК ДАР VII – УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ