Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

30 март 2023, Четверг
592
0
Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд
29 марти соли 2023 дар шаҳри Москва аъзоёну фаъолони созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар моҳи шарифи Рамазон ифтори муштарак доир намуданд.
Дар ин ифтор кормандони намояндагиҳои дипломатии ҳарду кишвар дар Федератсияи Россия, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони диаспораҳо, пиронсолон, диндорон ва фаъолони гуногуни ҳарду кишвар ширкат доштанд.

Ҳозирин аҳамияти баргузории чорабинӣ, ки хусусияти муттаҳидкунанда ва созанда дорад, қайд намуда, ба ҳамагон саломатӣ, сулҳу субот ва рӯзгори обод орзу намуданд. Аҳли дин дар мавриди фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки ин айёми файзу дуо ва парҳез аз кинаву адоват аст, ки ҳар як мусалмон бояд аз корҳои ношоиста парҳез кунад, сабру таҳаммул, меҳрубонӣ ва хайрхоҳ бошад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба ҳамдигар амалишавии ниятҳои нек, саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намуда, инчунин баҳри сулҳу ҳамҷавории нек, таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар пояи риштаҳои дарозмуддати дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, изҳори назар намуданд.

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки ният доранд ҳамкориро боз ҳам тақвият дода, ба низоъҳои байни шаҳрвандони худ дар марз ва дар қаламрави Федератсияи Россия роҳ надиҳанд.


***********************************

В Москве таджикская и кыргызская диаспоры провели совместный ифтар

29 марта 2023 года в городе Москва диаспоры Республики Таджикистана и Кыргызской Республики провели в священный месяц Рамазан совместный ифтар.

В данном ифтаре участвовали сотрудники дипмиссий обеих стран в России, сотрудники представительства Министерство труда, члены диаспор, аксакалы, религиозные деятели и различные активисты обеих республик.

Присутствовавшие отметили важность проведения таких мероприятий, которые носят объединяющий и созидательный характер, пожелали всем благоденствия и здоровья, мира и процветания. Религиозные деятели рассказали о священном месяце Рамазан (Рамадан), о том, что это время благодати, молитв и воздержания от ненависти и вражды, где каждый мусульманин должен воздерживаться от неправедных поступков, быть терпеливым, толерантным, милосердным и доброжелательным.

Участники встречи пожелали друг другу исполнения добрых помыслов, здоровья, счастья и благополучия, а также высказались за мир и добрососедство, за укрепление дружественных отношений между народами Таджикистана и Кыргызстана, основанные на многолетних узах дружбы и добрососедства.

Представители Таджикистана и Кыргызстана отметили, что намерены укреплять сотрудничество и не допускать конфликтов между своими гражданами: как в приграничье, так и на территории России.


Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

Диаспораҳои тоҷику қирғиз дар шаҳри Москва ифтори муштарак баргузор намуданд

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ