Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баррасии масоили муҳоҷиратӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир

Баррасии масоили муҳоҷиратӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир

06 май 2023, Суббота
820
0
Баррасии масоили муҳоҷиратӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир
5 майи соли 2023 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск вохӯрии муваққатан иҷрокунандаи вазифаи консули генералӣ Фирӯз Муродзода ва масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муроҷиат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаи Сибир баргузор гардид.

Зимни ҷаласаи корӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дур, роҷеъ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя намудани қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша гардид.

Тазаккур ёфт, ки мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як роҳбари ҷамъияти милливу фарҳангӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷик ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ густаришу тақвият бахшида, ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон фаҳмонад, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои номатлуб дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.

Ҳамзамон, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Федератсияи Россия таъкид карда шуд.


Баррасии масоили муҳоҷиратӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ