Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

Табрикот бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

23 май 2023, Вторник
795
0
Табрикот бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияи оид ба муҳоҷират Шуморо бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрик менамояд.

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад
.
Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷавонон басо назаррас буда, баҳри фароҳам сохтани шароити муфид ва эҷоди имкониятҳои созгор барои ҷавонон талош меварзанд.
Аз тарафи сарвари давлат эълон гаштани соли 2017 “Соли ҷавонон”, ки дар доираи он аксари мушкилоти ҷавонон ҳалли худро ёфтанд, яке аз нишонаҳои ғамхории роҳбарияти кишвар нисбат ба ин қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву паҷӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.

Бори дигар, ҳамаи ҷавонон – насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоем.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ