Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вокуниш: сабти видеоӣ оид ба дарёфти ҷасади ду зани тоҷик дар ҷангали шаҳри Котелники ҳақиқат надорад

Вокуниш: сабти видеоӣ оид ба дарёфти ҷасади ду зани тоҷик дар ҷангали шаҳри Котелники ҳақиқат надорад

01 июнь 2023, Четверг
806
0
Вокуниш: сабти видеоӣ оид ба дарёфти ҷасади ду зани тоҷик дар ҷангали шаҳри Котелники ҳақиқат надорад
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба видеои паҳнгардидае, ки гӯё дар шаҳри Котелникии вилояти Москва пайдо гардидани ҷасади ду зани тоҷик, ки дар шабакаҳои интернетӣ санаи 30 майи соли 2023 паҳн гардидааст, вокуниш нишон медиҳад.

Вобаста ба масъалаи мазкур бо шуъбаи полиси шаҳри Котелники тамос гирифта шуда, муайян гардид, ки навори видеоии мазкур қалбакӣ (фейк) буда, ҳақиқат надорад ва тибқи иттилои масъулини ин шуъба, чунин ҳодиса дар минтақа рух надодааст.

Аз навори мазкур мушоҳида кардан мумкин аст, ки он аз оинаи нилгун тариқи телефони мобилӣ сабт гардида, сабткунандагон онро овозхонӣ менамоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ