Табрикот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллиро барои Шумо табрик ва таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд.
27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ватандориву ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он ҳамчун арзиши миллӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Дар давраи даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу захматҳои пайваста давлати ба порчаҳо тақисмшударо муттаҳид намуда, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагиро барои сокинони мамлакат фароҳам овард.
Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.
Бори дигар Ҷашни Ваҳдати миллиро ба яко яки шумо таҳният гуфта, осмони мусаффо, рӯзгори пурбаракат ва тансиҳативу комёбӣ таманно менамоем.